Қоидаҳои истифодабарии Китобхона

Қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои

хонанда (шаҳрванд) дар Китобхонаи миллии Тoҷикистон

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба хонандагон, низому тартиб дар дохили Китобхонаи миллии Тоҷикистон, баланд бардоштани фарҳанг ва маънавиёти ҷавонон қоидаҳои мазкур тибқи Оиннома дар маҷлиси умумии кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул карда шуд.

Дар Китобхона хонанда бояд тартиботи зеринро риоя намояд:

ҳангоми вориди гардидан ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон бояд масъулияти аъзо шудан ба Китобхона ҳамчун маркази бузурги фарҳангӣ эҳсос карда шавад. Барои аъзо шудан ба Китобхонаи миллӣ нусхаи шиноснома ё асли он ба масъулони бахши бақайдгирӣ пешниҳод мегардад. Тибқи муқаррарот корти узвияти Китобхона ба муҳлати 3 сол дода мешавад;

– хонанда бояд пеш аз рафтан ба толорҳои хониш ҷузвдон (сумка), либосҳои болопӯш ва дигар ашёи зиёдатии худро ба толори либосовезӣ (гардероб) супорад ва рақами мушаххаси толори либосовезиро бо худ гирад;

– хонанда бояд пеш аз ворид шудан ба толор ва марказҳо ҳатман корти узвияти худро пешниҳод намуда, адабиёти даркориашро дархост намояд;

– хонанда бояд телефони мобилии худро хомӯш намояд ва сипас бо корти узвияти худ ба Китобхона ворид гардад;

– хонанда бояд дар толор, роҳрав, лифт ва ҳоҷатхона ба тартибот, хомӯшӣ ва тозагӣ риоя намояд.

Дар Китобхона манъ аст:

– даромадан бо либосҳои ғайримиллӣ ва муаррификунандаи фарҳанги бегона (либосҳои сиёҳ, шаффоф, ҳиҷоб, шортӣ ва ғ.), либосҳои варзишӣ, пойафзоли хонагӣ ва либосҳои ба меъёри либоспӯшии расмии донишҷуён ва кормандони муассисаҳои давлатӣ номувофиқ;

– истифодаи корти узвияти шахси дигар;

– дар толорҳо телефон, ноутбук ва дигар ашёи электронии худро ба ноқилҳои барқ гузоштан;

– истеъмоли хӯрок дар толорҳо;

– даромадани ҷавонон бо риши баланд ва бетартиб;

– масту сархуш ворид шудан;

– кашидани сигор ва нос;

– дар толорҳо ва долонҳо бо овози баланд суҳбат кардан, баҳс намудан, машғулиятҳои дарсии дастаҷамъӣ ташкил кардан, мусиқӣ гӯш кардан, бо телефон суҳбат кардан ва беҳуда гаштугузор кардан;

– аз толорҳо баровардани китоб;

– ба китоб ва феҳрист бо қалам хат кашидан, ишора гузоштан, қат кардан ва даронидан, дар сурати ошкор гардидани чунин ҳолат хонанда ҷарима карда мешавад;

– ҳангоми зарурат хонанда ҳуқуқ дорад, ки дар ҳузури масъулони Китобхона саҳифаи даркориашро нусхабардорӣ намояд;

– бе иҷозати маъмурият худсарона гузаронидани саёҳат;

– ба таҳхонаи бино фаромадан ва ба ошёнаҳои 367, 8 баромадан;

– ба ошёнаҳои 5 ва 9 бе зарурат баромадан.