АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: Сипосгузории Пешвои муаззами миллат аз саҳмгузории мардум дар раванди ободонии кишвар

Ҳоло то ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯзи ба шумор мондааст. Аз Паём то Паёми имсола дар кишвар чи қадар корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба анҷом расиданд. Бояд қайд намуд, ки дар ин раванд шаҳрвандон дар канори Роҳбари давлати худ дар самти гул-гулшукуфоии Тоҷикистон азиз қадамҳои устувор гузоштанду гузошта истодаанд. Махсусан, ба истиқболи таҷлили бошукӯҳи 30 солагии истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистон тамоми нерӯву қуввати худро баҳри ободии як гушаи Ватани маҳбуб равона намуда истодаанд.

Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои худ ба нақши созандаи мардуми кишвар махсус таъкид менамоянд:

Вобаста ба нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо рушди соҳаи сохтмон бараъло ба назар мерасад. Сохтмон яке аз соҳаҳои муҳимми иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд.

Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд.

Доир ба ин масъала таъкид менамоям, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъморӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад.

Дар робита ба ин, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ин бахш Пешвои муаззами миллат ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, чунин фармуданд:

«Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.

Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем

Девонсолор Сайф