​Китобхонаи миллӣ аз Паём то Паём

Паёмҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаи пурҷилоест, ки дар он имрӯзу фардои Тоҷикистон равшан таҷассум ёфта, Ватани моро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамо хоҳад буд. Таваҷҷуҳ ба рушди илму маърифат дар ҳамаи давру замон василаи расидан ба зиндагии беҳтар шинохта шуда, гузаштагони  пурифтихори мо донишро “чароғи равшан” ва “қулфкушои ҳама дарҳо” донистаанд. Аз ин ҷост, ки масъалаи соҳибилму соҳибмаърифат намудани ҷомеа тӯли асрҳо дар мадди назари равшанфикрону донишмандон қарор дошт ва ба тарбияи фарзандон дар роҳи аз бар намудани илму маърифат диққати махсус дода мешуд. Таъкид ба омӯзишу парвариш, мутолиаи китоб ва рушди илму фарҳанг дар Паёмҳои солонаи Пешвои миллаӣ мақоми хоса дорад.

Атрофи ин ва чанд масъалаи дигар суҳбате доштем бо муовини аввали Директори Китобхонаи миллӣ Салима Раҷабзода.

– Муаллимаи муҳтарам мегуфтед аз  Паём то Паём Китобхонаи миллии Тоҷикистон кадом корҳоро ба анҷом расонид?

– Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ маҷмӯи масъалаҳоеро дар худ инъикос намуд, ки татбиқи самарноки ҳар банди он роҳи тараққиёти кишвар, зиндагии боз ҳам шоистатари мардумро ҳамвор карда, дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро афзунтар хоҳад кард.

 Аз назари худи ман Паём санади хеле муҳиму сарнавиштсоз, раҳнамо ва дурнамои рушди устувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат буда, рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятиро муайян менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва соҳибмаърифат гардонидани аҳли ҷомеа, бахусус насли наврас эътибори ҷиддӣ дода шуд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф, омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавият қарор дорад.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Пешвои миллат дар Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олӣ низ барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти аҳли зиёи кишварро дақиқу мушаххас намуда, махсус иброз доштанд, ки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои тавсеа бахшидани ҷаҳонбинии худ ва баланд бардоштани маърифатнокиаш саъю талош намояд. Дар ин замина роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида сатҳу сифати таълимро баланд бардоранд ва баҳри беҳтар намудани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён шароити зарурӣ фароҳам оранд.

Дар ин росто, метавон гуфт, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми самту равиши фаъолияти муассиса дида баромада шудааст ва вобаста ба ҳар як таъкиди Пешвои миллат, ки тавассути Паём ироа мешаванд, корҳои зиёде ба нақша гирифта шудаву амалӣ шудаанд.

– Дар Паёми соли гузашта Сарвари давлат ба китобхониву китобхонаҳо диққати ҷиддӣ доданд ва гуфта шуд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро бароҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад». То ҷое медонам Китобхонаи миллӣ барномаҳоеро ҳам барои рушди китобхонаҳои музофотӣ рӯи даст дорад, аз ҷумла бо китобҳо таъмин кардани онҳо, санҷиши низоми китобдорӣ, ҷалби китобдорон ба омӯзиш ва ғайра. Мешавад дар ин бора суҳбат кунед?

– Дар замони муосир нақши китобу китобхона ва фарҳанги мутолиа ҷиҳати ҳифзи асолати миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, ташаккули андешаи милливу эҳсоси ватандўстии ҷомеа мақоми хосса дорад. Пешвои миллат дар ин ҷода низ дар Паёми соли гузашта зикр намуданд, ки Шумо аллакай ишора намудед. Метавон гуфт, ки дар ин самт Китобхонаи миллии Тоҷикистон як қатор барномаву нақшаҳое таҳрезӣ намудааст, ки амалӣ гаштани онҳо дастоварди хубе дар соҳаи китобу китобдорӣ ва мусоидат ба ҷалби ҷавонону наврасон метавонад бошад. Аз ҷумла, аз рўйи имконият, муассиса имрўзҳо ба китобхонаҳои ноҳияву деҳот ва муассисаҳои таълимӣ адабиётҳои бадеӣ ва таълимиро равона месозад, ки барои ғанӣ гаштани фонди онҳо ва дастраси ҷомеа гардонидани ин адабиётҳо шароит фароҳам меояд. Зимнан, вобаста ба сайқал додани маҳорати касбӣ ва баланд бардоштани касбияти кормандони китобхонаҳои кишвар, метавон гуфт, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон се барномаи таълимиро рўйи даст гирифтааст ,ки мутаассифона бо сабаби бемории ҳамагирӣ COVID-19 амалишавии онҳо мавқуф гузошта шудааст. Ва мо ният дорем, ки ин чорабиниҳои тарҳрезишударо дар ин сол, яъне соли 2021 татбиқ кунем.

– Дар Паёми соли гузашта Сарвари давлат, муҳтарам Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки соҳаи маорифро зарур аст, ки дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Аз ҷониби китобхона дар ин самт чӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд?

Аз нуктаҳои Паём роҷеъ ба ташвиқ намудани наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо метавон натиҷагирӣ кард, ки раванди таҳкими маънавиёти аҳли ҷомеаи Тоҷикистон аз сиёсати пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва ба хусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаву барномаҳои судманд ҷиҳати боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, завқи китобхонии тамоми қишрҳои ҷомеа маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи адабиёти техникӣ ва имлҳои дақиқ фаъолият менамоянд, ки ба хонандагон адабиётҳои зарурӣ пешкаш мегардад. Дар ояндаи наздик талош дорем ин шуъба ҳарчи бештар бо адабиёти техникии нав таъмин шавад, то мушкили ҷустуҷӯи адабиёт ба хонандагону корбарони он осонтар шавад.

–  Ҳамзамон дар Паёми соли гузашта Президенти мамлакат диққати асосиро ба забономўзӣ равона карда таъкид карданд ва гуфтанд, ки «Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем». Чуноне, ки мо медонем, дар китобхона давраҳои омӯзишии  забономўзӣ ба роҳ  монда шуда буданд. Ин давраҳои омӯзишӣ ҳоло ҳам фаъоланд?

–  Албатта, забономўзӣ ва касбомўзӣ аз нуқтаҳое аст, ки на танҳо дар Паёми Пешвои миллат, балки дар тамоми баромадҳои хеш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таъкид мекунанд. Зимнан, метавон гуфт, ки вобаста ба ин, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрўзҳо курсҳои забономўзӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд аз онҳо истифода бубаранд. Аз ҷумла, забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ ва дигар забонҳо дар муассиса ба таври васеъ ва (ба шахсони имконияташон махдуд ройгон) ба роҳ монда шудаанд.

– Мегуфтед  дар  ин  сол  чи  миқдор  китоб ба  Китобхона  ворид  карда  шуд?

– Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд, ки тиллоро аз замин, донишро аз китоб меҷўянд. Китоб  ҳамчун шиносномаи  шоистаи ҳар як халқу миллат  барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тавқият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳию худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.

Маълум аст, ки Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” яке аз муассисаҳое аст, ки ҳамчун гирандаи нусхаи ҳатмии китобҳо баршумор аст. Яъне аз манбаҳои нусхаҳои ҳатмӣ, хариди китобҳо, туҳфаҳо аз шахсони алоҳида ва дигар сарчашмаҳои воридотӣ, ба Китобхонаи миллӣ 32152 нусха китоб ворид гаштааст, ки ҳамагӣ такмил ва коркард шуда, ба фонди умумии китоб баҳри истифодабарии хонандагон пешниҳод шудааст. Аз Паёми соли гузашта ва имсолаи Пешвои миллат метавон чунин бардошт кард, ки Тоҷикистон, дарвоқеъ, хонаи умеди ҳар фарди китобхон, бомаърифат, созандаю ободгари миллат, ҳар як шаҳрванд, ҳамватану ҳамзабони бурунмарзӣ аст, ки онҳо бояд пайраву идомадиҳандаи ин гуна инқилоби маънавӣ бошанд.

– Ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш дода мешавад, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои  бадеиро  зиёд  намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон бароҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Дар Китобхонаи миллӣ ин дастур иҷро шудааст  ё  не?

–  Аз таҷриба ва сафарҳои хизматӣ ҷиҳати бохабар гардидани вазъи китобхонаҳои шаҳру навоҳии дурдасти ҷумҳурӣ ба мо маълум аст, ки китобхонаҳо ва хонадагони деҳот ба асарҳои тозанашри адибони классик ва муосир ниёз доранд, зеро теъдоди ками асарҳои бадеие, ки дар рафи китобҳо нигаҳдорӣ мешаванд, хеле фарсуда гардидаанд. Хушбахтона, дар Паёми соли гузашта Сарвари давлат роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои зарурӣ  ҷудо  намоянд. Иқдоми  мазкур дар рушди соҳаи китобдорӣ, ҷалби бештари мардум ба китобхонаҳо ва татбиқи барномаҳои марбут ба таҳкими маърифатнокии аҳли ҷомеа ниҳоят судманд арзёбӣ мешавад. Оре, мо имрўз дар нақшаи тамоми шуъба, бахш ва марказҳои Китобхонаи миллӣ роҳандозии на камтар аз 5 асари бадеиро ворид намудаем, ки ба воситаи сардорони сохторҳои муассиса ин амал санҷида мешавад.

– Дар робита ба ин, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Аз ҷониби Китобхонаи миллӣ  китоби  «Тоҷикон»  ба  кормандон   тақсим карда шуд ё не?

– Аз он замоне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 19 ноябри соли 1992) ҳамчун Сарвари кишвар ба кор шурӯъ намуданд, яке аз муҳимтарин амалашон, дар баробари идораи кишвар, дар моҳҳои аввал такрор ба такрор хондани китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» буд. Пешвои миллат бо омӯхтани китоби «Тоҷикон» ва баъдан садҳо асарҳои дигари таърихӣ, илмӣ ва адабӣ, роҳу равиши худшиносиро воқеъбинона ҷуста ба таври мантиқӣ давраи Сомониёнро ҳамчун бунёди фарҳанги тоҷикон ва шаклгирии забони тоҷикӣ муносиб донистанд. Дар раванди таҷлили 1100 – солагии Давлати Сомониён (соли 1999) мардумро талқин намуданд, ки худшинос, миллатдӯст бошанд. Яъне таърихи ниёгонро биомӯзанд, аз он сабақ бигиранд ва барои амалӣ намудани он бояд китоб хонанд.

Яке аз нуктаҳои хеле муҳими Паём ин аст, ки бо мақсади таҳким бахшидан ба хотираи таърихии миллати тоҷик аз ҳисоби фонди Президент чоп кардан ва ба ҳар оилаи Тоҷикистон туҳфа намудани шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мебошад. Ин иқдом олитарин тимсоли сарварию ҷавонмардӣ, олиҳимматии Сарвари давлат аст, ки баҳри боло бурдани маърифати миллаташ ҳеҷ чизро дареғ намедорад.

Бояд ёдовар шавам, ки китоби «Тоҷикон» асари илмӣ аст. Дар он қариб 1800 сарчашма ва асарҳои илмӣ бо чандин забон ба кор рафтааст. Ин асари беназир барои шинохти тоҷикон сарчашмаи беҳамто мебошад. Дар он маводи гуногуни илмии таърихи қариб 50 – ҳазорсолаи бостоншиносӣ, сиккашиносӣ, таърихнигорӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, адабиётшиносӣ, ҷомеашиносӣ,  фолклоршиносии  минтақаи  Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар асоси маводи зиёди илмӣ, ба гуфтаи Пешвои миллат, «Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард».

Чуноне шумо медонед, тақсими ин шоҳасар аз навоҳии дурдаст оғоз гардид. Ва ҳоло навбати шаҳри Душанбе нарасидааст. Чун навбат ба пойтахт расад, кулли кормандони Китобхонаи миллӣ низ бо суроғаи маҳалли зисти худ соҳиби ин китоб хоҳанд шуд. Ягон оила бе “Тоҷикон” намемонад.

– Масъалаи дигари Паём ин буд, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо чи нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Чанд дарсади коргарони Китобхонаи миллиро бонувон ташкил медиҳанд?

– Дуруст зикр кардед, ки як нуктаи асосии Паёми Сарвари давлат боз ҳам дар бобати баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа буд. Сарвари давлат ба ин масъала хеле бархӯрди ҷиддӣ доранд ва солҳост, ки ин нукта дар ҳар суханронии Пешвои миллат таъкид мешавад. Воқеан, бубинед сол то сол теъдоди занон дар корҳои давлативу ҳукуматӣ зиёд гардида  истодаанд. Боз ҳам такрор шавад мегўям, ки зиёда аз 80 дарсади кормандони Китобхонаи миллиро бонувон ташкил медиҳанд, ки ин худ боиси ифтихор аст. Теъдоди умумии кормандон то ба имрўз  487  нафарро ташкил медиҳад,ки аз  357  нафар зан ва 130 нафар мард иборат мебошад. Яъне метавонем гўем, имрўз дар ҷомеаи мо пеш аз ҳама зан ҳам модар аст, ҳам муаллима, ҳам сиёсатшинос, духтур, ронанда, китобдор ва дигару дигар аст.

Ташаккур барои сўҳбати пурмуҳтаво!

Мусоҳиб Руқия Гадоалиева