Баргузории семинари илмӣ-оммавии “Маърифати китобдор” дар Китобхонаи миллӣ

22 юми январ дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Шуъбаи илмӣ-тадқиқотӣ семинари илмӣ-оммавӣ таҳти унвони «Маърифати китобдор» баргузор гардид. Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ-методӣ ва танзими илми китобшиносӣ ба китобхонаҳо мадад мерасонад .

Дар чорабинӣ ҳамчунин, муовини вазири фарҳанг, номзади илмҳои таърих Абдураҳимзода Қурбоналӣ, директори китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Сўфизода Шодимаҳмад, мудири кафедраи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Бозорбой Холов ширкат ва суханронӣ намуданд.

Ба гуфти Файзализода Ҷумъахон Хол миллати сарбаланди тоҷик аз қадим ба китобу китобдорӣ арҷ мегузошт ва барояш китоб эҳсоси бедорию хушёрӣ буд. Хушбахтона, имсол аввалин бор шуъбаи библиографияи миллӣ, шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва шуъбаи илмӣ – тадқиқотӣ китобномаҳои библиографӣ нашр карданд.

Маркази тоҷикшиносӣ бо роҳбарии Назри Яздон китоберо бо номи «Суғд» омода карда истодааст. Боис ба хушнудист, ки таи ду соли охир китоби «Бохтар» аз нашр баромад ва ҳамчунин китобҳои дигар. Маркази Конуни забони тоҷикӣ низ ду китоб бо номи «Граматикаи забони тоҷикӣ»- ро бознашр кард.

Муовини вазири фарҳанг Абдураҳимзода Қурбоналӣ  суханронӣ намуд.

Раҳима Аъзам,

шуъбаи тарғиб ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ.